Гирифтани пора барои омода кардани билети ҳарбӣ

0
6 331 просмотров

Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ёрдамчии сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ш.Конибодом, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои омода кардани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз уҳдадории ҳарбӣ аз шиносаш-марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур 1000 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст.

3 апрели соли равон, тахминан соати 21:30 дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ошхонаи «Меҳрангез»-и шаҳри мазкур баъди гирифтани 1000 доллари амрикоӣ номбурда бо гумони гирифтани пора дастгир гардид. Далели шайъӣ- 1000 доллари амрикоӣ гирифта шуд.

Манбаъ: Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд

Дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: