Осоишгоҳи «Баҳористон» беҳтарин макони истироҳатӣ аст!

0
5 345 просмотров

Дӯстони азиз, мо сайри диёрамонро бо сафар кардан ба Маҷмааи истироҳатию фароғати «Баҳористон» давом медиҳем!

Картинки по запросу Бахористон

Осоишгоҳи «Баҳористон» дар соҳили обанбори Қайроққум, 25 км аз шаҳри Хуҷанд — маркази маъмурии вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст. Пас аз ташаккул додани обанбори Қайроққум, муҳити атрофи он намуди беназир ва фазои баҳриро ба даст овард. Ин буд, ки аввалин ғояе, ки дар соҳили баҳри Қайроққум осоишгоҳ бунёд ёфта буд, моҳи марти соли 2011 ба амал омад.

Ҳудуди осоишгоҳи «Баҳористон» 22 гектар буда, он аз биноҳои хоб ва тиббӣ, бинои маъмурӣ, иншооти варзишӣ, ҳавзҳои рӯизаминӣ ва берунӣ, марказҳои дилхушӣ, инчунин бисёр марказҳои хизматрасонӣ иборат аст.

Барои  истироҳат дар осоишгоҳи «Баҳористон» дар фасли гарми тобистон 2 бинои дуошёнаи тобистона мавҷуд аст.

Барои дӯстдорони варзиш  «Баҳористон» аз 2 майдони футбол бо сарпаноҳ, теннис, майдони баскетбол ва майдонҳои волейбол, маркази шиноварӣ ва қаҳвахонаҳо  иборат аст.

                                                                                                               Медиапортали «Тироз»

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Дохе проходят переговоры авиационных властей Таджикистана и Катара

Переговоры делегаций авиационных властей Таджикистана и Катара под руководством директора Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан Икрома Субхонзода и председателя Комитета гражданской авиации Катара ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: