Иштироки донишҷӯён дар идоракунии мақомоти давлатӣ

0
5 646 просмотров

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҷалби онҳо ба фаъолияти амалии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бахшида ба Рӯзи ҷавонон аз 7 то 14 майи соли равон “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” гузаронида мешавад.

Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 3 апрели соли 2018, №100 “Дар бораи гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” ба тасвиб расид .

Тибқи қарори зикршуда низомнома ва ҳайати комиссияи интихоби довталабон ба “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” тасдиқ гардида, шуъбаҳои дахлдор барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ вазифадор карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” аз соли 2005 инҷониб гузаронида шуда, тӯли ин солҳо садҳо нафар донишҷӯён дар ин иқдом ширкат варзидаанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Золото: рынку нужен сильный драйвер для роста цен

Конъюнктура мирового рынка находится в режиме ожидания. Сюда же стоит добавить серьёзные политические разногласия между некоторыми странами мира. Цена золота получает поддержку для восстановления. Можно ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: