Дастаи футболи «Хуҷанд» пешсафи Лигаи олӣ!

0
3 170 просмотров

Дирӯз – 1-уми апрел, даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ бо вохӯрии «Истиқлол» ва «Регар-Тадаз» ба фарҷом расид. Душанбегиҳо ба дарвозаи ҳари фони деринашон 2 тӯб зада, аз худ 1 тӯб гузаронданд.

Қабл аз ин, «Хуҷанд»  «Барқчӣ»-ро,  «Хатлон» «Панҷшер»-ро бо ҳисоби якхелаи  1:0 шикаст доданд. КМВА «Помир» бо «Куктош» мусовӣ бозид.

Пас аз ин, «Хуҷанд» дар садри аввали ҷадвал,  «Истиқлол» ва «Куктош» дуюму сеюм қарор гирифтаанд.

Вохӯриҳои даври чорум 4, 7  ва 8-уми апрел баргузор мешаванд. 4-уми апрел «Куктош» бо «Истиқлол», 7-уми апрел «Панҷшер» бо «Барқчӣ», 8-уми апрел «Хуҷанд» бо «Регар-ТадАЗ»  ва КМВА «Помир» бо  «Хатлон» ба майдон мебароянд.

Манбаъ: Сомонаи расмии Тоҷикистонтаймс

Нет комментариев

Также рекомендуем

iPhone-ро ба шабакаи барқ шаб пайваст мондан лозим ё чихел смартфонро қувват додан лозим аст?

Имрўзҳо смартфон чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти мо маҳсуб мешавад. Мо чунон онро бисёр истифода мебарем, ки аккумуляторҳои таҷҳизотҳои мобилиро ҳаррўз, гоҳо зуд-зуд қувват додан лозим ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: