Иштироки ширкатҳои ватанӣ дар намоишгоҳи “Gulf Food”

0
7 253 просмотров

Аз 18 то 22 феврали соли ҷорӣ бори аввал ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии маҳсулоти ватанӣ дар бузургтарин намоишгоҳи хӯрокаи “Gulf Food”, ки дар Дубай баргузор гашт, иштирок намуданд. Тавре аз Палатаи савдо ва саноти вилоят хабар доданд, дар намоишгоҳи мазкур ширкатҳои «Исфара Фуд», «Оро Исфара», «Apricot & Company» ва «Тоҷик Продукт», ки дар самти коркард ва бусту банди меваҳои тару тоза ва хушкмеваҳо фаъолият доранд, иштирок намуданд. Қобили қайд аст, ки “Gulf Food” бузургтарин намоишгоҳ дар минтақа маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 5000 намоишгар аз 120 давлати дунё маводҳои ғизоиро ба намоиш мегузоранд. Иштироки ширктаҳои тоҷикистонӣ дар чорабинии мазкур имконият хоҳад дод, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ зиёд гардад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

В ООН заявили, что организации не хватает денег

ООН испытывает сильную нехватку денег, причина в том, что страны-участницы организации платят свои взносы не в обозначенное время, сообщил журналистам официальный представитель генсека ООН Стефан ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: