Садамаи марговар дар вилояти Суғд

0
8 539 просмотров

11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Наҷмиддинов Саидҷон , соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Хуҷанд-Ғафуров”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ЗИЛ”, таҳти идораи Эрмадов Атҳам Рустамович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Наҷмиддинов С. ва ронандаи автомашинаи тамғаи “ЗИЛ” Эрмадов А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.  Инчунин, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Қодиров Умед, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.  Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Манбаъ: сомонаи расмии www.mvd.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Озмуни «Бозиҳои миллӣ» дар арафаи Наврӯз

Дар остонаи ҷашни байналмилалиии Наврӯзи оламафрӯз дар мавзеи «Хуррамшаҳр»-и маркази вилоят бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни «Бозиҳои миллӣ» дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: