Оғози маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
5 098 просмотров

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд. Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд. Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода шунида шуд.

 

Манбаъ:сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Радиои маҳбуби мардум — “Тироз” 17-сола шуд!

Дар ҳар давру замон, бахусус, дар марҳилаи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши васоити электронӣ ва чопии ахбори омма дар иттилоотонии  саривақтии ҷомеа, баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: