Тоҷикистон дар шаш моҳ ба 47 давлати ҷаҳон маҳсулот содирот намудааст

0
703 просмотров

Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 Тоҷикистон бо 102 давлат, аз ҷумла бо 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бо 92 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, дар ин давра ба 47 давлати ҷаҳон маҳсулот содирот  шудааст.

Дар ин хусус 8 август зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Дар ин давра  тибқи маълумоти оморӣ, гардиши савдои хориҷӣ 3 млрд. 415 млн. долларро ташкил дода, дар маҷмуъ аз ҷумҳурӣ ба маблағи 678 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулоти ватанӣ содирот гардидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 08.11.2017

Имрӯз, 8 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8200 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: