КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамкориро бо Ширкати сохтмони роҳи оҳани Чин тақвият медиҳад

0
821 просмотров

Масъалаи марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ байни  Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва  Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ бо муовини директори генералии Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Тао дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот мусоҳибон масъалаи иштирок ва сармоягузории Ширкати сохтмони роҳи оҳани Ҷумҳурии Мардумии Чинро дар лоиҳаҳои сохтмонии Роҳи оҳани Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тибқи хабари манбаъ, ҳар ду ҷониб барои идомаи самарабахши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёти роҳи оҳан изҳори омодагӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Официальный курс валюты на 11.09.2018

Национальный банк Таджикистана (НБТ) 11.09.2018 года с целью бухгалтерского учета и оплаты таможенной пошлины определил официальный курс иностранной валюты по отношению к сомони. 1 доллар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: