Қурби расмии асъор барои имрӯз 12.01.2018

0
7 229 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 12 январ  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8241 сомонӣ, 1 евро = 10.5404 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1548 сомонӣ. Имрӯз, 12 январ қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои  қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад.

Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро  аз 10.5404 то 10.6000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ  аз 0.1548  — 0.1550 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо  анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,   боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».

 

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд

21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия бо Президенти Федератсияи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: