Гуфтугўи мустақими радиоии Шаҳрдори Исфара бо сокинон

0
4 572 просмотров

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо сокинон ва омўзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сокинон гуфтугўи мустақими радиоӣ доир мекунад. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, ки гуфтугўи мустақими раиси шаҳр бо сокинон санаи 30 декабри соли 2017, соати 18-00 тавассути барномаи «Робита»-и Радиои Исфара сурат мегирад. Сокинон имкон доранд, ки суолу пурсиш ва таклифу пешниҳодоти мушаххаси худро мустақиман ба раиси шаҳр бирасонанд.

 

Манбаъ:сомонаи расмии МИҲД-и вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Д. Холов барои шаҳрвандони Москва суруд хонд

Иди Наврӯз дар шаҳри Москва, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои Русия, сафирони фавқулодда, сокинон ва меҳмонони Москва, инчунин намояндагони диаспораҳои гуногуни миллии Русия ҳузур ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: