Рамос наздик аст, ки ба “Севиля” баргардад

0
1 023 просмотров

Собиқ ҳимоятгари дастаҳои “Реал Мадрид” ва “ПСЖ” — Серхио Рамос наздик аст ба “Севиля” баргардад. Дар ин бора Cadena SER хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло гуфтушунидҳо хуб ҷараён доранд. Ҷонибҳо наздик аст, ки ба мувофиқа расанд.

Мушкилоти «Севиля» танҳо маоши бозигар аст. Ҳоло ин ягона мушкили аст, ки шояд садди ин гузариш гардад.

Худи Рамос ба бозӣ дар Лигаи Чемпионҳо манфиатдор аст. «Севиля» ҳарчанд дар Ла Лига ин мавсим муваффақ набуд, лек дар Лигаи Аврупо қаҳрамон шуд ва роҳхати Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард.

Бояд қайд кард, ки Рамос фаъолияти худро дар бошгоҳи “Севиля” оғоз карда буд. Ӯ соли 2005 онро тарк карда, ба “Реал Мадрид” гузашта буд.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бозингари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов расман ба дастаи «Ростов»-и Русия гузариш намуд

Бозингари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Рустам Ятимов ба дастаи «Ростов»-и Русия гузариш намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: