Духтари суғдӣ дар озмуни беҳтарин лабханди ҷаҳон

0
3 744 просмотров

Сокини шаҳри Хуҷанд,Рухшона Шарипова ба даври чорякниҳоии Озмуни байнулмилалии зеботарин лабханди ҷаҳон-«Smile of Universe» ширкат мекунад

Рухшона Шариповаи 24-сола дар Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ширкат мекунад. Дар ин бора дар торномаи баргузоркунандагони озмун хабар дода мешавад.

Дар айни замон даври овоздиҳӣ идома дорад ва дар хулосаи он панҷ иштирокчӣ ба даври ниҳоӣ роҳ хоҳанд ёфт.

Соли гузашта намояндаи Тоҷикистон Садорат Маматқулова ба даҳгонаи иштирокчиёни Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ворид шуд. Вай барандаи ҷоизаи Раиси ҳайъати доварони озмун гардид.

Озмуни байналмилалии «Лабханди ҷаҳон» озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.

Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.

Ин озмун моҳи майи соли равон оғоз шуд. Он аз се давра — чорякфинал, нимниҳоӣ ва ниҳоӣ иборат аст.ҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.

Манбаъ: http://sputnik-tj.com/style/20171215/1024174794/duhtari-sugdi-ozmun.html

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон ва мулоқот бо сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ғончӣ

Имрӯз баъди ифтитоҳи Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: