Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 15 декабр қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8231 сомонӣ, 1 евро = 10.4466 сомонӣ, 1 рубли русӣ = 0.1502 сомонӣ. Имрӯз, 15 декабр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти мазкур 1 евро аз 10.3500 то 10.5000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1458 то 0.1510 сомонӣ муқаррар карда шудааст. БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад».
Фазои озод аз стигма: Хакатон дар вилояти Суғд
Имрўз 30-апрел дуюмин рўзе, ки иштирокчиёни Хакатон дар вилояти Суғд барои занони гирифтори ВНМО мавод /лоиҳаҳо таҳия карда истодаанд. Хакатон аз 28 апрел то 1 ...


Нет комментариев