Дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и Суғд Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад

0
609 просмотров

1 июн дар Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ» -и маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши идона доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар ҳамоиши идона тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии вилоят, ятимони кулл, ғолибони олимпиада ва озмунҳо, Академияи хурди илмҳо ва кӯдакони хушбахти замони истиқлол иштирок менамоянд.

Ҳамзамон дар идгоҳ озмуну маҳфилҳои гуногун ташкил гардида, қаҳрамонони афсонаҳо шодишарики кӯдакон мегарданд.

Ҳамоиши идона соати 08:00 оғоз мешавад ва сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд бо фарзандони худ дар он иштирок намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Белый дом назвал время телефонного разговора Путина и Трампа

Телефонные переговоры президента США Дональда Трампа с президентом России Владимиром Путиным назначены на 12:00 по времени Восточного побережья (20:00 по московскому) в субботу, 28 января. Об этом сообщает РИА Новости со ссылкой на информацию, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: