Нахустин намоҳанги Мадина пешкаши мухлисон гардид

0
3 816 просмотров

Мадина Ақназарова нахустин намоҳангашро таҳти унвони «Ай ёр ёр» мунташир кард. Дар ин бора дар саҳифаи Facebook-и сарояндаи ҷавон хабар дода шудааст. «Дӯстони азиз! Мехоҳам намоҳанги нахустинамро барои суруди «Ай ёр ёр», баҳратон пешкаш кунам! Мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки дар коркарди ин тарҳ ширкат карданд изҳори миннатдорӣ намоям! Ба ҳама ташаккури зиёд, тамошои хуш», — навиштааст Мадина дар саҳифаи Facebook-и худ.

 

https://www.facebook.com/100007276201571/videos/1949500691969119/

 

Мадина Ақназарова овозхони ҷавони операсаро мебошад. Имсол ӯ суруди «Ай ёр ёр»-и худро нахустин бор дар консерти бузург, ки ба хотири «Соли ҷавонон» дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, пешкаши мухлисон ва ҳаводоронаш кард.

Ҳамчунин Мадина Ақназарова соли гузашта дар консерти «Хушҳолӣ муборак», ки ба муносибати 80-солагии пешвои исмоилиҳои ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ҳунарнамоӣ карда буд.

 

 

Манбаъ: сомонаи  sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нишастҳои матбуоти аз январи 2019

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату кумита ва агентию идораҳо 28 январи соли 2019  оғоз мегарданд. Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳамарӯза аз ҷониби якчанд вазорату ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: