Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 шуд

0
908 просмотров

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бар «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футбола гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Муаллифи голи пирӯзиовар ҳамлагари «Равшан» Амирҷон Сафаров шуд.

Дарвозабони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Евгений Гритсенко беҳтарин бозигари бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 дониста шуд.

Ёдовар мешавем, ки 6 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор дар 14-умин бозии Суперҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Хусусиятҳои шифобахшии зардолу

Зардолу яке аз меваҷоти қадимтарин ва пурарзиш мебошад. Таърихи пайдоиши зардолу хеле куҳан буда, он сирри зиёди ин меваро аз мо ниҳон медорад. Ватани зардолу ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: