Ҷараёни татбиқи ЛОИҲАИ «ШАҲРИ БЕХАТАР» Дар Хуҷанд

0
845 просмотров

Ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини директори​ ширкати технологии «Хуавей» дар Тоҷикистон Ли Ян, ки 5 май доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи​ воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногунро баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот аз густариши​ ҳамкории Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки тибқи нақша, дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ карда мешавад, ки ҳадаф аз​ татбиқи он  назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад.

Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ширкати технологии «Хуавей» дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба «Шаҳри бехатар» дорои таҷрибаи калон буда, яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи «Шаҳри бехатар» дар шаҳри Душанбе мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Израиль назвал причину бомбёжек

Израиль атаковал в ночь на 21 января иранские склады оружия в Сирии и несколько батарей ПВО, которые открыли огонь по самолётам, задействованным в бомбардировках. Об этом сообщает пресс-служба армии еврейского государства. Налет, подобного ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: