Зоғи ало парандаи зирак аст

0
4 123 просмотров

Зоғи ало, калоғ, калзоғ, ало акка, инҳоро як навъи паррандаро мегӯянд. Сар, бол ва думаш сиёҳ буда, дигар қисмҳои баданаш хокистарранг аст. Зоғҳои ало дар давраи лонасозӣ одатан ҷуфт-ҷуфт ва дар дигар мавридҳо села-села шуда мегарданд.

Ба Тоҷикистон моҳи октябр барои зимистонгузаронӣ омада, март ба Олтой ва Сибири Ғарбӣ парида меравад ва дар ҳамон ҷо лона сохта тухм мегузорад. Зоғи алоро зимистон ғайр аз Бадахшон ва Помир , дар дигар мавзеъҳои Тоҷикистон (1200-1300 метр аз сатҳи баҳр) дидан мумкин аст.

Дар мавридҳои сахт омадани зимистон ва бисьёр боридани барф Зоғи ало дар наздики маҳалаҳои аҳолинишин, дар қадди роҳ ва назди ахлоттуддаҳо зиндагӣ мекунанд. Зоғи ало тухми алафҳои бегона, ҳар навъ партов, лоша ва ғайраро хӯрда фоида меорад.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Советские вещи которые можно реально дорого продать: проверь, есть ли они у тебя

Беги скорее на чердак. Специально для тебя собрали список советских вещей, которые можно продать и выручить неплохие деньги! Одни смотрят на вещи эпохи СССР, как на старый хлам, вторые хранят ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: