Apple Music чӣ қадар истифодабарандаи пулакӣ дорад?

0
4 174 просмотров

Ширкати Apple шумораи тистифодабарандагони пулакии хадамоти мусиқавии стримингии Apple Music-и худро аз моҳи июни соли 2017-ум, ки он замон истифодабарандагони пулакии хадамот 27 миллион нафарро ташкил медоданд, боз ба 3 миллион нафар зиёд карда тавонист. Ҳоло шумораи умумии истифодабарандагони пулакии Apple Music аз 30 миллион нафар зиёд шудааст. Дар ин бора Ҷимми Айовайн, роҳбари Apple Music дар мусоҳиба ба нашриёти Billboard хабар додааст. Қайд мекунем, ки ширкати Apple моҳи декабри соли 2016-ум 20 миллион шудани шумораи истифодабарандагони Apple Music-ро ҷашн гирифта буд. Рақиби асосии Apple Music Spotify ба шумор меравад. Моҳи июл шумораи истифодабарандагони пулакии он ба 60 миллион нафар расида буд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 06.09.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ; 1 евро – 13.4538 сомонӣ; ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: