Дастаи «Истиқлол» чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон

0
3 474 просмотров

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар даври 19-уми Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ дидор анҷом дод. Вохӯрӣ байни тимҳо дар варзишгоҳи шаҳри Ҳисор баргузор шуда бо ҳисоби калони 5:0 ба нафъи бозингарони «Истиқлол» хотима ёфт. Новобаста аз натиҷаи панҷ бозии боқимондаи мавсими имсолаи футбол  дастаи “Истиқлол” ба дарёфти мақоми аввали медалҳои тиллои Чемпионати 26-уми Лигаи олии кишвар шарафёб шуд. Ин панҷумин ғалабаи пай дар пайи “Истиқлол”-и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон ба шумор меравад. Қаблан бошгоҳи “Истиқлол” дар мавсимҳои 2010, 2011, 2014, 2015 ва 2016 қаҳрамони Тоҷикистон гардида буд.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ранний подъем — причина удачного дня

Утро — самое важное время дня. Успешные люди не лежат в кровати до одиннадцати. Даже те, кто выстроил бизнес и может себе это позволить, предпочитают вставать ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: