Тарзи омода намудани хуриш бо гӯшти гов

0
7 743 просмотров

Маҳсулот:

400 грамм – гӯшти обпазкардашуда

4 – дона тухм

2 – дона пиёз

100 грамм чормағз

200 грамм панир

1 дона анор

3 дона бодиринги дар намакоб хобондашуда

Майонез мувофиқи таъм

Тарзи тайёр намудан:  Гӯшти обпазро ба шакли чоркунҷа реза мекунем. Тухмро  низ обпаз намуда, ба шакли чоркунҷа  реза мекунем. Бодиринги  дар намакоб хобондашударо низ ба шакли чоркунҷа реза мекунем. Чормағзро  бо корд майда мекунем. Панирро аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон  мегузаронем.  Донаҳои анорро  ҷудо мекунем. Дар табақи рост, қабати аввал каме гӯшт,  қабати дувум пиёз,  қабати севум тухм, қабати чорум бодаринг, қабати панҷум панир, қабати шашум чормағз ва қабати ҳафтум боқимондаи гӯштро мечинем. Пас донаҳои аноро чида, ба рӯи он майонез мекунем ва мудати 30 дақиқа ба яхдон мегузорем. Хӯришро пас аз ним соат метавонед тановул  намоед.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как сделать мясо мягким и сочным

Наверное, все попадали в ситуацию, когда мясо, после приготовления, получилось жестким и сухим. Конечно, чтобы приготовленное мясо получилось мягким и сочным, нужно использовать свежее мясо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: