Корҳои безараргардонӣ дар Фабрикаи маъданҳои каммаҳсули шаҳри Истиқлол идома доранд

0
827 просмотров

Дар Фабрикаи маъданҳои каммаҳсули шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд корҳои безараргардонӣ идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Иҷрои босифати тадбирҳои беҳсозии вазъи экологӣ дар ин минтақа бо истифода аз 38 техникаю механизм ба анҷом расонда мешавад.

Ба таъкиди масъулон, дар майдони Фабрикаи маъданҳои каммаҳсул, ки 7,9 гектарро ташкил медиҳад, дар марҳилаи охир тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Барои татбиқи саривақтии лоиҳа дар мавзеи наздик ба сохтмон барои кормандон шароити зарурӣ фароҳам мебошад. Нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраҳои санитарӣ ва беҳдошт, ҷойи шустушӯи техникаю механизм ва зеристгоҳи хурди барқӣ аз ҷумлаи иншоотест, ки ба хотири пешрафти кор бунёд карда шудаанд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи мазкур дар шаҳри Истиқлол то охири соли 2023 пурра татбиқ мегардад ва дар марҳилаи баъдӣ дар чор партовгоҳи дигари ин мавзеъ корҳои безараргардонӣ бо сатҳу сифати баланд иҷро карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бензема бо мухлисони “Реал” видоъ кард

Ҳамлагари фаронсавӣ Карим Бензема дар робита ба тарки дастаи «Реал Мадрид»  суханронии таъсирбахш кард. «Барои ман гап задан душвор аст. Ташаккури зиёд ба “Реал Мадрид”. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: