Баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

0
895 просмотров

12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Барномаи фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Ин барнома бо ташаббуси Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар қатори аввалин кишварҳои дунё 11 январи соли 1992 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Равобити дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ соли 1993 бо сафари расмии ҳайати он кишвар бо сарварии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, шоҳзода Сауд ал-Файсал ба Тоҷикистон оғоз гардида буд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Спорт арена: Дневник Евро-2016 на 17/06

Партнер «Дневника Евро -2016» сеть фирменных магазинов «iamdifferent« iamdifferent — первый в Таджикистане поставщик стильной одежды с национальным колоритом, что означает iamdifferent — be different in ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: