10-ноябр Рӯзи Милитсияи Тоҷик!

0
2 734 просмотров

Муҳтарам  кормандон ва собиқадорони Мақомоти корҳои дохилӣ!

Бо таманниёт ва эҳтироми беандоза, ҳамаи шумоёнро бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик табрику муборакбод менамоем ва дар ин рӯзи таърихӣ ба Шумоён дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият, иҷрои хизмати назаррасу зарур барои ҷомеъаи шаҳрвандӣ – комёбиҳо ва дастоварҳои беназирро орзумандем.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан пурра тасдиқ намуда, дар пешгирӣ ва ошкори садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд. Хиссаи назарраси собиқадорони Мақомоти корҳои дохилӣ низ дар тарбияи ҳайати шахсӣ, роҳнамоии кормандони имрӯзаро дар асоси таҷрибаи бои корӣ, мусоидат дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ хело ҳам калон буда, барои чунин заҳмат ба онҳо арзи сипос мегӯем.

Дар ин рӯзи фарахбахш, бори дигар муҳофизони тартибу низом, ҳомиёни ҳуқуқ ва посдорони суботу оромиро бахшида ба рӯзи Милитсияи Тоҷик бори дигар табрик намуда, ба онҳо муваффақияту комёбиҳо, пешсафии касбӣ, оромию саодат ва файзу баракати коргоҳу даргоҳашонро таманно дорем.

ШТРР «ТИРОЗ»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Сомон Эйр» парвози таърихии ҳавопаймои худро дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе роҳандозӣ кард!

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» имрӯз, 10 феврал баъди чаҳоряк аср нахустин парвози ҳавопаймои худро дар самти Душанбе-Тошканд-Душанбе иҷро кард. Тавассути хатсайри мазкур аз Душанбе зиёда ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: