Мактабҳо дар Хуҷанд аз ҳисоби буҷет таъмир мешаванд

0
6 275 просмотров

Аз оғози соли хониши нави 2017-2018 аз волидайни тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд барои таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо аз ҷониби масъулини ин муассисаҳо маблағпулӣ ситонида намешавад. Минбаъд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки  таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳоро аз ҳисоби маблағҳои буҷавии шаҳрӣ ба анҷом расонад. Дар ин бора Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни баргузории нишасти матбуотӣ таъкид намуд. Инчунин қайд гардид, дар мактабу кӯдакистонҳои шаҳр наздики  89 фисади корҳои таъмири синфхонаҳо  ба анҷом расидааст.  Ҳамчунин соли равон дар арафаи соли хониши нав дар маҳаллаи 8-и маркази вилоят боз як мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1296 хонанда ба истифода дода мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Масҷиди мадрасаи Абдуллохон

Масҷиди мадрасаи Абдуллохон, ёдгории меъмории мансуб ба а. ХVI, масҷиди ҷомеи деҳаиНавгилемНоҳияи Исфара аст. Масҷид дар замони Абдуллохони 11 Шайбонӣ (1557-1599) с. 1585 қомат афрохтааст. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: