Блогери машҳур Ҳасбулло Магомедов (Хасбик) бо UFC шартнома баст!

0
1 414 просмотров

Блогнависи машҳури рус Ҳасбулло Магомедов, ки бо лақаби Ҳасбик маъруф шудааст, дар саҳифаи Instagram эълон кард, ки барои мубориза бурдан бо UFC шартнома имзо кардааст.

Блогнависи 20-сола, ки қадаш аз 95 см зиёд нест, дар ҳашткунҷа мубориза мебарад.

«Овозаҳо дурӯғ намегӯянд. Ман расман шартнома барои мубориза дар UFC имзо кардам! Тафсилот то охири сол маълум мешавад. Ташаккур ба UFC ва Дана Уайт барои имконият! Албатта, ман кӯшиш мекунам, ки ба боварии шумо созгор бошам. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ шудани ин орзу ба ман  кӯмак кардаанд.”-гуфтааст,Ҳасбик.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябр хабарҳое паҳн шуда буданд, ки гӯё  Ҳасбик бо UFC  шартномаи 5 сола бастааст. Ҳамчунин, мавсуф қаблан қаҳрамони собиқи UFC дар ду вазн Конор Макгрегор  таҳқир карда буд.

Манбаъ: Варзиш-Тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷамъомадҳои тантанавӣ доир мешавад

24-уми ноябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомадҳои тантанавӣ баргузор мегардад. Чорабинии вилоятӣ ба муносибати Рӯзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: