Дируз мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ён Ҷон Ку баргузор гашт. Дар ҷараёни мулоқот масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар мавриди омодагии ҷонибҳо ба чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ — Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ, ки моҳи апрел дар шаҳри Тегуи Корея баргузор мегардад ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, ки онро дар моҳи июни соли ҷорӣ Душанбе мизбонӣ мекунад, табодули назар сурат гирифт. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Аз 25 то 30 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе хиёбонҳои Душанбе маҳдуд мегардад
25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони ...


Рахмати калон барои маълумот