Шумори нафақахӯрони Тоҷикистон, ки тариқи кортҳои бонкӣ нафақа мегиранд, ба аввали соли равон 370 ҳазор нафарро ташкил дод. Тавре Раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ин робита иттилоъ дод, айни замон бо нафақа таъмин намудани аҳолӣ тариқи кортҳои бонкӣ дар 32 шаҳру навоҳии кишвар ба роҳ монда шудааст. Номбурда қайд кард, ки айни замон корҳои роҳандозии чунин низоми додани нафақа дар 8 шаҳру навоҳии кишвар, ки дар онҳо беш аз 100 ҳазор нафар нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд, идома доранд. «Дар саросари кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 600 ҳазор нафақахӯрон зиндагӣ мекунанд», — иброз дошт ӯ. Зимнан зикр гардид, ки айни замон тавассути кортҳои бонкӣ «Амонатбонк» ба зиёда аз 623 ҳазор мизоҷон хизматгузорӣ мекунад. «Таъмини нафақахӯрон ва кормандони ташкилотҳои буҷетӣ бо кортҳои бонкӣ ройгон сурат мегирад», — гуфт раиси бонк. Феълан дар қаламрави кишвар 141 адад банкоматҳо ва 557 адад пост-терминалҳои «Амонатбонк» ба аҳолӣ хизматгузорӣ мекунанд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.
Что известно об iPhone 11 до презентации. Сможет ли Apple нас удивить?
Apple проведет 10 сентября традиционную презентацию, главная новинка — три новых айфона. Мы собрали всю доступную информацию о iPhone 11 до анонса в одном материале. Этот год можно считать уникальным ...

рахмат барои ахборот ин бисёр кулай аст кори нафакахуронро осон мекунад