Сохтмони мактаби нави инноватсионӣ идома дорад

0
4 786 просмотров

Бо таваҷҷӯҳи Ҳукумати Тоҷикистон, бунёди иншооти таълимӣ ва фароҳам овардани шароити донишомӯзӣ, соҳаи маориф ба дастовардхои нав ба нав ноил мегардад.

Дар доираи ин дастгирихо дар шаҳри Хуҷанд бунёди муассисаи нави таълимӣ бо фарогирии 1300 нафар хонандагон идома дошта, барои таъмиру ба шароити замон мутобиқ намудани кӯдакистонҳои шаҳр низ тадбирҳо андешида мешаванд.

Сохтмони мактаб

Бунёди мактаби наву замонавии сеошёна дар микроноҳияи 8-уми шаҳри Хуҷанд аз чумлаи иқдомҳоест, ки имрӯз корҳои сохтмонӣ дар он вусъат дорад. Аз рӯи лоиҳа мактаби нав аз 4 бинои асосӣ иборат буда, бо дарназаргирии шароити таълиму тарбия, варзишгоҳ, ошхона ба хонандагону омӯзгорон шароити кору дарсомӯзӣ муҳайё карда мешавад.

Бо ин мақсад аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 13 миллион сомонӣ пешбинӣ гаштааст. Мактаби нав дар маҳаллаи мазкур бо дарназаргирии талаботи ин маҳалла — зиёд шудани хонандагон бунёд карда шуда, он имкон медиҳад, ки дар соли нави хониш то 1300 нафар толибилмон дар ду баст таҳсил намоянд. Ба гуфти омӯзгорон муҳайё будани шароити таълиму тарбия, майлу рағбати хонандагон ба илмомӯзӣ ва соҳибкасб шудани онҳоро зиёд менамояд.

Манбаъ: http://www.khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шабакаи Twitter маҳдудиятро байн бурд

Аз ҳамин ҳафта сар карда шабакаи маъруфи ҷаҳонии Twitter суратҳо, истинодҳо(ссылки), мақолаҳо ва видиороликҳое, ки аз ҷониби истифодабарандагон дар намуди паёмак (смс) ирсол карда мешуданд,  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: