Мақола дар маҷаллаи «Khaleej Times»: Нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами Рӯзномаи ҷаҳонии об

0
1 748 просмотров

Дар маҷаллаи “Khaleej Times” (Амороти Муттаҳидаи Арабӣ) дар Рӯзи ҷаҳонии об, ки ҳамасола 22 март таҷлил мегардад, оид ба нақши Тоҷикистон дар ҳалли масоили мубрами Рӯзномаи ҷаҳонии об таҳти унвони «Tajikistan joins hands with UN to combat water issues» мақола ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар мақола, аз ҷумла гуфта шудааст, ки тадқиқоти солҳои охир нишон доданд, ки тағйирёбии иқлим метавонад ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири ҷиддӣ расонад. Об, ки сарчашмаи ҳаёт аст, барои ҳар фард ва тамоми мавҷудоти зинда неъмати илоҳӣ — омили ҳаётан муҳим ва ганҷи бебаҳост. Аҳамияти обро ҳама олимону коршиносони байналмилалӣ эътироф кардаанд.

Дар натиҷаи фишорҳои афзоянда ва буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии асри 21 дастрасӣ ба оби тоза, ки ҳамагӣ 2%-и ҳаҷми умумии оби ошомиданӣ дар ҷаҳонро ташкил медиҳад, дар меҳвари Барномаи байналмилалии чораҳои таъҷилӣ қарор гирифтааст.

Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ барои рушди дипломатияи об ва пешбурди захираҳои об дар арсаи байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Аз 22 то 24 марти соли 2023 дар Ню Йорк Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо мизбонии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад.

Мақола ва гузариши электронии он: https://www.khaleejtimes.com/world/tajikistan-joins-hands-with-un-to-combat-water-issues

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Маркази миллии тестӣ бақайдгирии давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро оғоз намуд

Шуруъ аз 04-09-2023с Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: