Анҷоми машқҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия

0
6 280 просмотров

Марҳилаи хотимавии тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон доир гардид.

Дар машқгоҳи Ҳарбмайдон рӯзи 30 март тамринҳои чоррӯзаи муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон ба анҷом расиданд, ки муддати 4 рӯз дар 7 машқгоҳи низомии ҷануби Тоҷикистон ҷараён доштанд.

Машқгоҳ

Дар марҳилаи хотимавии машқҳо хизматчиёнии ҳарбии ҳарду кишвар масъалаҳои дарёфт, ба муҳосира гирифтан ва ҳамкории нерӯҳо барои нест кардани гурӯҳҳои шартии мусаллаҳи ғайриқонуниро мавриди омӯзиш ва амал қарор доданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати мудофиаи Русия, дар машқҳо аз техникаҳои ҳарбии навъҳои БТР-80, БТР-82, БМП-2, танкҳои Т-72, 122 силоҳи ирандозии артиллерии 2С1 «Гвоздика» ва низомҳои реактивии оташкушоии БМ-21 «Град» истифода шудааст.

Гуфта мешавад, нерӯҳои муттаҳидаро аз фазо гурӯҳи муштараки авиатсионии иборат аз ҳавопаймоҳои бомбандозу қиркунандаи навъҳои Су-24М, Су-25, Ту-22М3, чархболҳои ҷангиву боркаши Ми-8 ва Ми-24 дастгирӣ намуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон беш аз 2 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда, ба он ҳудуди 700 адад техникаи ҳарбӣ ва махсус сафарбар шудааст.

Манбаъ: https://www.news.tj/tj/

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аксессуари нав аз Motorola — Keylink

Соли равон Motorola тамоми смартфонҳояшро на танҳо пурра такмил дод, балки иловатан ба он якчанд акссесуарҳоро истеҳсол кард. Байни онҳо Turbo Charger, Powerpack Micro ва Moto ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: