«Барселона» аз миёни Салоҳ ва Ҳоланд якеро интихоб мекунад

0
1 237 просмотров

Бошгоҳи футболи “Барселона” ба хулосае омадааст, ки аз миёни ду ҳамлавар Муҳаммад Салоҳ ва Эрлинг Ҳоланд якеро интихоб кунад. Дар сурати ба даст наовардани ҳамлавари “Боруссия” каталониҳо мехоҳанд ба футболбози мисрии “Мерсисайдиҳо” пешниҳоди шартнома намоянд.

Каталониҳо бозигари норвегиро ҳадафи асосии трансфер қарор додаанд, вале дигар дастаҳо низ хоҳони бастани шартнома бо Ҳоланд мебошанд. Ин вазъият метавонад кори “Барселона”-ро душвор намояд.

Бошгоҳи каталонӣ аллакай аз тарафи Салоҳ ҷавоби мусбат гирифтааст ва агенти бозигари мисрӣ ба ин трансфер розист. Салоҳ дар ҳайати “Ливерпул” ин панҷумин мавсим аст, ки ҳунарнамоӣ дорад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Apple ташкили шароити меҳнатро вайрон кард

Хабарнигорони  BBC  паҳнкунии натиҷаҳои тадқиқотҳои худро, дар бораи вайроншавии шароити меҳнат дар ширкат ҳангоми ҷамъкунии  iPhone ва дигар масолеҳи Apple идома медиҳанд. Ин дафъа онҳо ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: