Skype-и махсус барои интернети суст

0
3 764 просмотров

Ширкати Microsoft дар Ҳиндустон замимаи мобилии Skype Lite — ро намоиш дод, ки барои истифодабарандагони минтақаҳои алоқаи интернети сифаташ пастд буда пешбинӣ гардидааст.

Акнун интернети суст дигар барои Skype монеа нест.

Чуноне ВАО хабар медиҳад, намоиши замимаи мобилии Skype Lite дар конфронси Future Decoded, дар Мумбайи Ҳиндустон доир шудааст. Дар бораи афзалиятҳои замима шахсан худи роҳбари ширкат Сатя Наделла маълумот додааст. Дар ин бора нашриёти TechCrunch хабар медиҳад.

Skype Lite барои кор дар дастгоҳҳои мобилии бо системаи оператсионии Android 4.0.3 ва аз он боло кор мекарда пешбинӣ карда шудааст. Замима чат-ботҳоро дастгирӣ менамояд, ки онҳо хабарҳои навро ба истифодабарандагон расонида, барои харидорӣ намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ кӯмак мерасонанд.

Ҳоло Skype Lite танҳо дар мамлакати Ҳиндустон дастрас асту халос. Оиди кори замима дар давлатҳои дигар ширкати Microsoft ваъда дод, ки дертар иттилоъ медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 30.04.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА -11.3200 сомонӣ; 1 евро- 13.7323 сомонӣ; ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: