Аксияи экологӣ: пешгирӣ аз хатари батареяҳои истифодашуда ба муҳити зист

0
1 787 просмотров

Дар маҷмааҳо ва марказҳои савдои «Ашан», «Авранг» ва «Пайкар» бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» дар шаҳри Душанбе аксияи экологӣ оид ба пешгирӣ аз хатари батареяҳо ба муҳити зист баргузор гардид.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷараёни ин ташаббус дар даромадгоҳҳои  марказҳои савдои «Ашан», «Авранг» ва «Пайкар» қуттиҳои махсус барои партофтани батареяҳои истифодашуда гузошта шуданд. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ барои иштирок дар ин иқдом дар ин иқдом ба харидорон варақаҳои тарғиботӣ бо навиштаҷоти муомилоти зарурӣ бо партовҳои электронӣ, аз ҷумла батареяҳо тақсим гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки батареяҳо ба табиат зарари ниҳоят калон  доранд. Ҳолатҳое вомехӯранд, ки пас аз анҷоми муҳлати истифода онҳо бо партовҳои ҳосилшудаи табиӣ якҷо карда шуда, ба партовгоҳи умумӣ бароварда мешаванд. Бо мурури замон онҳо таҷзия шуда, ба моддаҳои зараровар табдил меёбанд, ки ба аҳолӣ ва муҳити зист зарари калон мерасонанд.

Дар аксар маврид батареяҳои истифодашуда дар қуттиҳои махсуси коркарди партов ҷойгир карда нашуда, баръакс дар партовгоҳ ё ин ки дар кӯча партофта мешаванд. Ҳадаф аз баргузории чунин аксияҳои экологӣ ба аҳолӣ фаҳмондани зарари батареяҳои истифодашуда ба муҳити  зист ва баланд бардоштани  маърифати экологии  сокинон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суманак-рамзи баҳор

Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: