Донишҷӯи ДДҲБСТ ба Чехия меравад

0
3 102 просмотров

Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Чемпиони Тоҷикистон оид ба брекданс Саидакмал Саидзода ба Чемпионати ҷаҳон оид ба брекданс ба шаҳри Прагаи Чехия равон гашт.

Сафари ӯ бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат пазируфт, ки Саидакмал Саидзода пеш аз сафар миннатдории худро ба Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иброз дошт. Қаблан Саидакмал Саидзода дар мусобиқаҳои байналхалқӣ оид ба брекданс дар шаҳрҳои Варшаваи Лаҳистон, Мински Белоруссия, Остонаи Қазоқистон ширкат варзидааст ва соли 2016 Чемпиони Тоҷикистон дар ин намуди варзиш гардида буд.

 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мир в шаге от пропасти

Обвал фондовых индексов и падение стоимости сырьевых товаров до многолетних минимумов для многих стали шоком. Но рано или поздно это должно было произойти, поскольку нацбанки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: