Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

0
1 617 просмотров

20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок мекунанд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ваксинаи «CoronaVac» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ворид намудани ваксинаи «CoronaVac» ба сифати кӯмаки башардӯстона ба созиш расид. Дар ин хусус сардори Раёсати амнияти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: