IRS: Аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав таъмин гардид

0
1 826 просмотров

Тавре қаблан хабар додем, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуда буд. Дар айни замон тармаҳое, ки дар роҳи Душанбе -Чаноқ фаромада буданд, аз ҷониби кормандони филиали ширкат бартараф шуда, чанд лаҳза пеш ҳаракати нақлиёти сабукрав аз шаҳри Хуҷанд ҷониби шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар наздиктарин фурсат барои ҳаракат аз Душанбе ба самти  Хуҷанд низ дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок иҷозат дода мешавад.

«Ба шаҳрвандон барои дарки моҳияти муваққатан қатъ гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт арзи сипос менамоем»,-иброз доштааст роҳбарияти филиали ширкат.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои аз дастдодаи 17 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия

17 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон-муҳоҷирони меҳнатӣ, ки  дар натиҷаи сўхтор ҳуҷҷатҳояшонро аз даст дода буданд,  дар муҳлати кӯтоҳ аз  ҷониби Хадамоти консулии Сафорати Тоҷикистон дар Русия соҳиби шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ  гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: