Ба ифтихори Cоли нав ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад

0
5 806 просмотров

Ба диққати шаҳрвандон ва меҳмонони маркази вилоят расонида мешавад, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба соли нави мелодӣ санаҳои 29 ва 30 декабри соли  2016 дар Регистони Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор аз 30 то 40 фоиз арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Оғози ярмарка — соати 08:00.

Марҳамат ба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ!

Манбаъ: sugd.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Олимон аккумуляторе кашф намуданд, ки нисбат ба аккумуляторҳои муқаррарӣ 100 маротиба тезтар нерӯ мегирад.

Аккумуляторҳои бемислу монанди литий-ионӣ, ки нисбат ба аналогҳои муқаррарӣ 100 маротиба зудтар нерӯ мегиранд, мутахассисони ҷопонии ширкати Kaneka дар ҳамкорӣ бо кормандони Донишгоҳи техникии Айти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: