Шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» формати нави гурӯҳҳои «махфӣ»-ро илова намуд, ки онҳо ба ягон кас аён нестанд, ба ғайр аз иштирокчиёни он гурӯҳҳо. Дар фарқият аз гурӯҳҳои муқаррарии кушод, ки ба онҳо дилхоҳ истифодабаранда метавонад пайваст шавад ё онро тарк созад, вале гурӯҳҳои махфиро тавассути ҷустуҷӯ пайдо кардан ё маводи онро хондан номумкин аст.
«Роҳи ягонае, ки тавассути он ба гурӯҳи махфӣ ворид шудан мумкин аст, ин гирифтани даъватнома аз маъмури гурӯҳ ва модератори гурӯҳ имконпазир аст. Ҳеҷ кас ба ғайр аз иштирокчиён ва даъватшудагон ном, акси ин гурӯҳи махфӣ ё дигар маводҳои онро дида наметавонанд»- мегӯяд коркардчӣ. Бо вуҷуди ин агар истифодабаранда узви ин гурӯҳи махфӣ набошаду хоҳиши аз ин гурӯх дидан намуданро дошта бошад, барояш чунин навиштаҷот нишон дода мешавад: «Чунин саҳифа дар Одноклассникӣ мавҷуд нест».
Барои гурӯҳро махфӣ гардонидан ба нуқтаи роҳандозӣ (настройки) гузаред ва «Гурӯҳи махфӣ»-ро дар бахши «Роҳандозии оммавӣ» фаъол гардонед. Агар гурӯҳ дорои манбаи барои тамошои ноболиғон манъ кардашуда бошад, маъмури гурӯҳ имкон дорад, ки ишораи «Аз 18 сола боло»-ро гузорад. Истифодабарандаи синну соли нисбатан хурд ба ин гурӯҳ ворид шуда ё онро пайдо кардаву маводҳои ба табъ расонидаи гурӯҳи махфиро дида наметавонад.
Samsung смартфони нави Galaxy S8-ро намоиш дод
Ширкати Samsung смартфони флагмании Galaxy S8-ро намоиш дод, ки оиди ин навгонӣ дар твиттери ширкат хабар додаанд. Дар ин дастгоҳ, чун дар Galaxy Note7 сканери ...


Нет комментариев