Намоишномаҳои театри Маяковский дар Фестивали байналмилалии театрии Русия намоиш дода мешавад

0
1 371 просмотров

Аз 23 октябр то 12 ноябри соли равон  дар дар шаҳрҳои Курган, Тюмен ва Ярослави Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии театрии «Фестивали театрҳои русӣ» (Фестиваль русских театров)  баргузор мегардад. Дар фестивали мазкур ҳунармандони Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковскийи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори театри мазкур Мунира Дадаева.

 

Ҳунармандони Театри давлатии драмавии русӣ 27 октябр дар Фестивал спектаклҳои «Тартюф»-и Ж.Б.Молер ва «Шабе дар театр»-и А.П. Чехов-ро намоиш медиҳанд.

Театри давлатии драмавии русӣ дар фестивали мазкур ҳамасола дар доираи барномаи «Большие гастроли. Зарубежная программа» ширкат меварзад.

Дар назар аст, ки дар ин рӯзҳо суҳбати «мизи мудаввар» низ баргузор гардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шаббос Негматуллоев дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Элорда» медали биринҷӣ ба даст овард

Муштзани  соҳибноми  кишвар, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 — Шаббос Негматуллоев дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокси «Ҷоми Элорда » дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: