Аввалин голи Серхио Агуэро дар «Барселона»

0
2 324 просмотров

Форварди аргентинии дастаи “Барселона” Серхио Агуэро аввалин бозиашро дар ҳайати дастаи наваш баргузор кард. Бозигари 33 сола дар рақобати дӯстона бо “Корнеля» аз Сегундаи Б вориди майдон шуда, 30 дақиқаро дар майдон сипарӣ намуд. Бозии мазкур бо натиҷаи мусовии 2:2 хотима ёфт, ки голҳои “нилунориҳо”-ро Серхио Агуэро ва Филиппе Коутинйо заданд. Дар рақобати мазкур он футболбозоне, ки ба ҳайти тимҳои мунтахаби худ даъват нашуданд, иштирок карданд.

Дар мавсими ҷорӣ то ҳол Серхио бо сабаби осеб доштанаш дар бозиҳои расмӣ ба майдон набаромадааст. Эҳтимол меравад, ки дар бозии ояндаи даста вориди рақобат шавад.

Манбаъ: varzishtv.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

ВКД донишҷӯи ДМТ-ро ҷарима баст

Раёсати ВКД мегӯяд, садамаи мошини Ёрии таъҷилӣ ба айби ронандаи худрави «Тайота — Кемрӣ», донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон рух додаст. Ба иттилои котиботи РВКД, Рустам ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: