Оё шумо дар бораи чунин рӯзи ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Дастшӯӣ шунидаед? Нашунидаед? Аммо чунин ид дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Рӯзи ҷаҳонии дастшӯӣ ҳар сол 15 октябр ҷашн гирифта мешавад ва он аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шудааст. Ба назари Шумо ин хандаовар менамояд? На! Бо воситаи дастҳои ношуста, вирусҳои бемориҳои гуногун ба бадани инсон ворид мешаванд. «Дастони ношуста ва ифлос» яке аз сабабҳои асосии фавти кӯдакон мебошад. Ва чунин одати оддии гигиенӣ, ба монанди дастшӯӣ, ҳар рӯз ҳаёти ҳазорҳо кӯдаконро наҷот медиҳад. Он на танҳо барои пешгирии сироятшавии бадан бо вирусҳои зараровар ва инфексияҳо кӯмак мекунад, балки ҳаёти моро боз ҳам дилпазир, хушбахт ва бехатар месозад. Дастҳоятонро бештар бо собун шӯед ва солим бимонед!
Қуроқдӯзӣ — аз порчаҳои матоъ нақш офаридан аст
Имрӯз дар бораи ҳунари қуроқдӯзӣ, таърихи пайдоиш ва рушди он дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сухан мегӯем. Зеро, аксари шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва насли наврас доир ...


Нет комментариев