Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оиди ҳамкории иҷтисодӣ доир мешавад

0
1 749 просмотров

11-13 октябр дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Дар кори ҷаласа масъулини вазорату идораҳо ва роҳбарияти намояндагиҳои дипломатии ду кишвар, сармоягузорон, инчунин субъектҳои бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия ҷиҳати баррасии доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ иштирок менамоянд.

Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур 13 октябр баргузории Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия ва вохӯриҳои В2В соҳибкорон ва сармоягузорон бо иштироки беш аз 100 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия пешбинӣ шудааст.

 Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Windows 10 метавонад маъруфтарин ОС шавад

Ҳаракати мардум ба «ройгони» дар тамоми ҷаҳон, вазифаи худро иҷро намуд: системаи оператсионии Windows 10 ба камбудиҳояш нигоҳ накарда — бозорро ба худ ҷалб менамояд. Ҳамаги дар чор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: