Рӯзи кишоварзон муборак!

0
1 549 просмотров

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кишоварзон таҷлил мегардад.  Кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёт буда, ба таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани аҳолӣ, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ соҳаи кишоварзӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо  мутахассисони соҳа оид ба  вазъи имрӯзи кишоварзӣ дар мамлакат суҳбат  намуд.

Дар суҳбат сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров   иброз дошт, ки «яке аз ҳадафҳои чоргонаи стратегӣ  таъмини амнияти озуқавории мамлакат аст, ки иҷрои он бар дӯши кишоварзон гузошта шудааст. Пешрафти  истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб рафта, бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзист”.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба усулҳои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ даври омӯзишӣ доир шуд

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти хазинадории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои кормандони ташкилоти суғуртавии мамлакат дар мавзуи «Методҳои ҳисобҳои актуарӣ барои ҳисобкунии захираҳои суғуртавӣ» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: