Смартфони «Айфон 7» дар дасти соҳибаш таркид

0
6 411 просмотров

Смартфони «Айфон 7»-и ба фурӯш баровардаи ширкати амрикоии «Эппл» дар дасти шаҳрванди Ҷумҳурии Мардуми Чин таркид. Ҳодиса дар шаҳри Чжэнчжоуи музофоти Хенан ҳангоми сабти навор тариқи «Айфон 7» ба амал омад. Дан натиҷа соҳиби «Айфон 7» аз даст ва рӯяш ҷароҳат бардошт. Вобаста ба ин ҳодиса намояндаи ширкати мазкур дар Чин ба қароргоҳи асосии «Эппл» дар Амрико хабар доданд. Қаблан бо чунин мушкилот ширкати дигари рақобатпазир бо «Эппл» — «Самсунг» мувоҷеҳ гардида буд. Моҳи сентябри соли равон ширкати мазкур фурӯши смартфонҳои «Галакси нот 7» — ро вобаста ба нуқси техникӣ дар аккумулятораш, ки ҳангоми захираи энергия метаркид, манъ намуд. Дар натиҷа ширкати «Самсунг» беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ хисорот дид.

Манбаъ:http://jahonnamo.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Таърихи пайдоши қаҳва

Қаҳва аввалин маротиба соли 1674-ум дар Шветсия пайдо шудааст. Вале қаҳва ҳамчун нӯшокӣ танҳо дар асри 18-ум маъруф гардидааст. Паҳншавии босуръати қаҳва ҳамчун нӯшокӣ шоҳи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: