Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд

0
5 493 просмотров

Имрӯз, 30 сентябри соли 2016 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” дар мавзӯи “Китоб сарчашмаи маърифат ва худшиносӣ” конфронси илмӣ – адабӣ баргузор мегардад.

Конфронси мазкур, ки соати 11-00 оғоз меёбад, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ доир мешавад ва интизор меравад, ки дар он муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, олимону донишмандон, ҷавонону дӯстдорони китоб ва Мавлавии Балхӣ иштирок намоянд.

Дар конфронс доктори илмҳои филологӣ Умеда Ғаффорова, номзади илмҳои филологӣ Нуруллохон Ғиёсов, номзади илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ ва доктори илмҳои филологӣ Фахриддин Насриддинов дар мавзӯҳои марбут ба конфронс суханрониҳо хоҳанд кард.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Встреча Сироджидина Аслова с Тошихиро Аики

25 января 2018 Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджидин Аслов принял японскую делегацию во главе с Послом – Специальным Представителем Министерства иностранных дел Японии по ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: