25-уми сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавад

0
4 974 просмотров

25-уми сентябр сокинони маркази вилоят Рӯзи шаҳри Хуҷандро таҷлил менамоянд.

Дар доираи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд баргузории як қатор чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва ташкили конфронсҳои илмӣ дар назар гирифта шудааст.

Чорабинии асосӣ бахшида ба ин сана дар назди Маҷмааи таърихиву фарҳангии Истиқлол, ки чанде пеш бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд, баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ меҳмонон аз тамоми манотиқи кишвар ва бародаршаҳрҳои Хуҷанд иштирок намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки 24 сентябри соли 2014 Маҷлиси вакилони халқи шаҳр нишони шаҳрро тасдиқ намуда, 25-уми сентябрро Рӯзи шаҳр эълон намуда буд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳайати «Саноатсодиротбонк» дар ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд иштирок дорад

11 май дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати бонк Ҳокимшо Бобозода дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: