Ҷамъомад бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт

0
7 082 просмотров

Шоми 21 сентябри соли 2016 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт дар толори барҳавои меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки сафирон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, вакилони парлумон ва намояндагони расмии кишвар, зиёиён ва намояндагони ВАО маросими қабули расмӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳозиринро бо сухани ифтитоҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов ва меҳмони расмӣ- муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Носир Ал-Сабеҳ хайрамақдам гуфта, аз дастовардҳо дар ҳамкории тарафайн ёдовар шуданд.
Пеш аз оғози ҷамъомад дар даромадгоҳ намоиши китобҳо, либосҳои миллӣ, маҳсули дасти кандакорон ва оҳангарон, инчунин анвои хӯрокҳои миллӣ ва меваҷоти Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
Ҷамъомадаз тариқи тамоми шабакаҳои ТВ ва расонаҳои кишвари иқомат инъикоси худро ёфт.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ғалабаи дастаи вилоят дар сессияи ҷумҳуриявӣ

Дастаи хонандагони вилояти Суғд дар 40-умин сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд дар даври ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: