Натиҷаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ

0
1 705 просмотров

Дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони аз 12 то 18-сола баргузор шуд. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо иштироки варзишгарони беш аз 23 кишвари дунё сурат гирифт, ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок намуда, сазовори як медали тилло ва 4  медали биринҷӣ гардид. Медали тиллоро Хуршед Қудратов дар вазни 67 кг миёни варзишгарони 14-15-сола ба даст овард. 

Медалҳои биринҷиро Имоил Зайниддинов дар вазни 40 кг миёни варзишгарони 12-13-сола, Аслиддини Баҳриддин, Сафиаллоҳи Маҳмадалӣ миёни иштирокчиёни 14-15-сола ва Умед Маҳмадиев дар вазни 52 кг дар синни 16-17- сола ба даст оварданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ миёни наврасони 12-18-сола- IMMAF 2021 аз 29  июл то 1 август дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғористон  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Ба ин мусобиқа аз ҷониби Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар варзишгар зери роҳбарии Даврон Ҷураев сафарбар гардида, ба дарстовардҳои назаррас ноил шуданд.

Вақти бозгашт ба Ватан парчамбардорони кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат, Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ ва ҳаводорони зиёд истиқбол гирифтанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тасдиқи ангора ва халтачаҳои «Наврӯз – 2019»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд. Ангораи мазкур намуди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: